КӮМАКИ ИТТИҲОДИ АВРУПО БА ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 4, 2009 09:51

               Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – 2 сентябр дар шаҳри Душанбе дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Мусоидат ба тақвияти фаъолияти Агентии заминсозӣ, геодезия ва харитасозии Тоҷикистон дар соҳаи таълифи харитаҳо ва сертификатсияи замин» дар масъалаи аниқ ба ҳисоб гирифтани масоҳати замин дар саросари мамлакат семинар баргузор гардид.                 Дар семинар зикр шуд, ки ислоҳоти айни ҳол дар Тоҷикистон идомаёфтаистодаи замин дар оянда гузариш ба низоми кадастрии ба ҳисобгирии заминро пешбинӣ менамояд. Яъне масоҳати ҳар қитъа замини ҳар ноҳия ва ҳар хоҷагӣ аниқ ба ҳисоб гирифта мешавад. Айни ҳол тасвири рақамӣ ва акси 6 ҳазор километри мураббаъ замин бо истифодаи радифҳои маснӯъ ба даст оварда шудаанд. Чунин усули кор имкон медиҳад, ки ҷараёни баҳисобгирии замин дар мамлакат тезонида шавад.                Тибқи барнома Пажӯҳишгоҳи таҳқиқотию лоиҳакашии «Фазо» бо асбобу анҷоми навтарин таҷҳизонида мешавад.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки кормандони пажӯҳишгоҳи мазкур роҳу усулҳои навтарини аниқ ба ҳисоб гирифтани заминро дар ҷараёни машғулиятҳо меомӯзанд.

Сентябрь 4, 2009 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад