КӮМАКИ ИТТИҲОДИ АВРУПО БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – 2 сентябр дар шаҳри Душанбе дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Мусоидат ба тақвияти фаъолияти Агентии заминсозӣ, геодезия ва харитасозии Тоҷикистон дар соҳаи таълифи харитаҳо ва сертификатсияи замин» дар масъалаи аниқ ба ҳисоб гирифтани масоҳати замин дар саросари мамлакат семинар баргузор гардид. Дар семинар зикр шуд, ки ислоҳоти айни ҳол дар Тоҷикистон идомаёфтаистодаи замин дар оянда гузариш ба низоми кадастрии ба ҳисобгирии заминро пешбинӣ менамояд. Яъне масоҳати ҳар қитъа замини ҳар ноҳия ва ҳар хоҷагӣ аниқ ба ҳисоб гирифта мешавад. Айни ҳол тасвири рақамӣ ва акси 6 ҳазор километри мураббаъ замин бо истифодаи радифҳои маснӯъ ба даст оварда шудаанд. Чунин усули кор имкон медиҳад, ки ҷараёни баҳисобгирии замин дар мамлакат тезонида шавад. Тибқи барнома Пажӯҳишгоҳи таҳқиқотию лоиҳакашии «Фазо» бо асбобу анҷоми навтарин таҷҳизонида мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки кормандони пажӯҳишгоҳи мазкур роҳу усулҳои навтарини аниқ ба ҳисоб гирифтани заминро дар ҷараёни машғулиятҳо меомӯзанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






