КӮМАКИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА БА НИЁЗМАНДОН

Сентябрь 16, 2009 15:40

                 Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилотҳои тобеи он ҳар сол дар арафаи иди Фитр ба хона-интернатҳо одамони солхӯрда, маъюбон, ятимон, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва оилаҳои камбизоат кӯмаки хайрия мерасонанд.                    Дар Федератсияи иттифоқҳои касаба имсол бо ин мақсад барои харидани маводи хӯрока ва расонидани кӯмакпулӣ ба ниёзмандон 28 ҳазор сомонӣ ва 12 роҳхат барои истироҳат дар осоишгоҳҳои иттифоқҳои касаба ҷудо карда шуд.                   Мавриди зикр аст, ки бо ин мақсад Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои мактаббачагони ятими мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Шаҳринав фурӯзонакҳои барқии каммасраф, асбобҳои хониш ва дигар лавозимоти дарсиро харидорӣ намуда, ба интернати мазкур тӯҳфа кард.                  Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барои мактаббачагон аз оилаҳои камбизоат, ки дар гимназияи №7 ноҳияи Ашт ва омӯзишгоҳи касбӣ- техникии №44 таҳсил менамоянд, барои харидорӣ намудани маводи хурокворӣ ба маблағи 2000 сомонӣ, Шӯрои иттифоқҳои касабаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони қисми ҳарбии сарҳадӣ ба ҳар кадоме 250 сомонӣ ва вилояти Хатлон барои маъюбону пиронсолони хона-интернати шаҳри Қӯрғонтеппа 500 сомонӣ ва барои маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 фурӯзонакҳои барқии каммасраф харидорӣ намуда, тақдим карданд.                 Инчунин, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Иди Рамазон ба 22 нафар собиқадорони меҳнат ба маблағи 2 ҳазору 150 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонид.                   Мутобиқи тадбирҳои андешидашуда Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати ятимону бепарасторон ва беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб, инчунин 10 нафар оилаҳои камбизоати деҳаи Пӯшиёни поёни ноҳияи Восеъ 1,8 тонна гандум кӯмаки хайрия расонид.                   Дар баробари ин, Кумитаи иттифоқҳои касабаи коргарони соҳаи ҳавопаймоӣ дар арафаи ин иди бузург барои ҷамъияти маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа ва мактаббачагони мактаб-интернати маъюбони ноҳияи Ҳисор ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ кӯмак намуд.

Сентябрь 16, 2009 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд