КӮМАКИ НАВБАТИИ «АМОНАТБОНК» ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 17 сентябри соли равон Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба мактаб-парваришгоҳи рақами 1 ноҳияи Рӯдакӣ, ки чанд сол мешавад сарпарастии онро бонк ба ӯҳда дорад, кӯмаки хайрия расонид. Кӯмаки мазкурро асбобҳои хониш аз қабили китобу дафтар, қаламу ҷуздон ва дигар лавозимоти дарсӣ, ҳамчунин як миқдор фурузонакҳои каммасраф ташкил медод. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти «Амонатбонк» иттилоъ доданд, дар моҳи муборак ин бори дуюм аст, ки Амонатбонк ба мактаб – парваришгоҳ кӯмаки хайрия мерасонад. Тарбиятгирандагон ва устодони мактаб аз ин амал қаноатманд буда, миннатдорӣ ва ташаккури бепоёни худро ба кормандони бонки мазкур иброз намуданд. Қобили қайд аст, ки дар арафаи ид ва даҳаи охири моҳи шарифи рамазон дар баробари дигар фазилатҳояш аз мардум хайру эҳсон ва саховатпешагиро талаб мекунад. Ин аст, ки мардуми мусулмон дар ин моҳ ба ятиму бечора ва маъюбу дардмандон дасти кӯмак дароз мекунанд. Бояд гуфт, ки маротибаи дуюм аст, ки «Амонатбонк» ба мактаб-парваришгоҳи мазкур кӯмак мекунад, ки маблағи умумии он 8 ҳазору 130 сомониро ташкил медиҳад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






