КӮМАКИ НАВБАТИИ «АМОНАТБОНК» ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Сентябрь 17, 2009 16:03

                Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 17 сентябри соли равон Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба мактаб-парваришгоҳи рақами 1 ноҳияи Рӯдакӣ, ки чанд сол мешавад сарпарастии онро бонк ба ӯҳда дорад, кӯмаки хайрия расонид. Кӯмаки мазкурро асбобҳои хониш аз қабили китобу дафтар, қаламу ҷуздон ва дигар лавозимоти дарсӣ, ҳамчунин як миқдор фурузонакҳои каммасраф ташкил медод.                Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти «Амонатбонк» иттилоъ доданд, дар моҳи муборак ин бори дуюм аст, ки Амонатбонк ба мактаб – парваришгоҳ кӯмаки хайрия мерасонад. Тарбиятгирандагон ва устодони мактаб аз ин амал қаноатманд буда, миннатдорӣ ва ташаккури бепоёни худро ба кормандони бонки мазкур иброз намуданд.                  Қобили қайд аст, ки дар арафаи ид ва даҳаи охири моҳи шарифи рамазон дар баробари дигар фазилатҳояш аз мардум хайру эҳсон ва саховатпешагиро талаб мекунад. Ин аст, ки мардуми мусулмон дар ин моҳ ба ятиму бечора ва маъюбу дардмандон дасти кӯмак дароз мекунанд.                  Бояд гуфт, ки маротибаи дуюм аст, ки «Амонатбонк» ба мактаб-парваришгоҳи мазкур кӯмак мекунад, ки маблағи умумии он 8 ҳазору 130 сомониро ташкил медиҳад.

Сентябрь 17, 2009 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар