КӮМАКИ НАВБАТИИ ВАЗОРАТ БА ЭҲТИЁҶМАНДОН

Сентябрь 16, 2009 16:05

                  Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Ҳамасола дар арафаи ҷашнҳои муҳими миллию давлатӣ аз ҷониби вазорату идораҳои мамлакат ба хона-интернатҳо, ятимону бепарасторон, маъюбону пиронсон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмакҳои хайрия расонида мешавад.                     Бо ин мақсад, Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар арафаи Иди моҳи шарифи Рамазон ба маблағи 4 ҳазору 300 сомонӣ, аз ҷумла барои мактаб — интернати шаҳри Кӯлоб 2 ҳазору 500 сомонӣ ва ҳамчун кӯмаки яквақтаина ба нафақахӯрон ва собиқ кормандони вазорат 1800 сомонӣ кӯмак расонид.                    Маврид ба ёдоварист, ки Вазорати молия дар арафаи Рӯзи Дониш ва 18 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ низ ба мактаб-интернати бепарасторони шаҳри Кӯлоб ва нафақахӯрону собиқ кормандони вазорат ба маблағи 4 ҳазору 800 сомонӣ кӯмаки хайрия карда буд. 

Сентябрь 16, 2009 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд