КИТОБИ АФКОР ВА РӮЗГОРИ ИМОМИ АЪЗАМ ДАР ДУШАНБЕ МУАРРРИФӢ ШУД

Сентябрь 29, 2009 10:32

                 Душанбе, 29 сентября.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-29 сентябр дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Афкор ва рӯзгори Имоми Аъзам аз нигоҳи муҳаққиқон», ки ба бузургдошти Соли Имоми Аъзам дар нашриёти «Эр-граф»-и Душанбе нашр шудааст, муаррифӣ гардид.                  «Китоб бо кӯшиши мудири китобхонаи устод Халилулоҳ Халил доктор Ҷаъфар Ранҷбар таҳия гардида, дар он таҳқиқоти донишмандони варзида Абдулҳайи Ҳабибӣ, Абулалои Мавдудӣ, Шиблии Нӯъмонӣ, маълумоти «Доирату-л-маорифи исломӣ», «Таърихи Табарӣ» ва ду намунаи «Васоёи Имоми Аъзам» гирд оварда шудааст», гуфт зимни муаррифии китоб Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Мамадшо Илолов.                  Дар маросими муаррифии китоб донишмандони се кишвари форсизабон- Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон доир ба аҳамияти китоби мазкур, таълимот ва нақши Имоми Аъзам дар рушди маърифати исломӣ ва ҷомеаи башарӣ табодули назар карданд.                  Дар китоб зиндагӣ ва симои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, поягузори мазҳаби ҳанафӣ Абӯҳанифа Имоми Аъзам инъкиос гардидааст. Дар китоб расмҳои мазори Имоми Аъзам дар шаҳри Кӯфа, мазори Абӯматиии Балхӣ- яке аз шогирдони Имоми Аъзам дар шаҳри Балх, зодгоҳи падари Имоми Аъзам дар маҳали Хоҷа Сайёрони вилояти Парвони Афғонистон ва ғайраҳо гирд оварда шудааст. Китоб бо забони тоҷикӣ бо теъдоди 1310 адад бо кӯмаки Раиси ширкати «Абдулвоҳид Азизӣ» Ҳоҷӣ Абдулбоқӣ ва раиси ширкати сохтмонии «Итолиё — Афғон» Абдусаллом Рауфӣ нашр гардидааст.  

Сентябрь 29, 2009 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд