КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР ХУҶАНД

Сентябрь 28, 2009 12:01

                   Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Рӯзҳои 25 то 26 сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Ҳалли самарабахши проблемаҳои муҳоҷирати коргарон дар Осиёи Марказӣ ва Русия» симпозиуми байналхалқӣ баргузор гардид.                    Симпозиум бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати шаҳри Хуҷанд, Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти иҷтимоию сиёсии Академияи илмҳои Русия ва Маркази демографии иҷтимоӣ ва ҷомеашиносии иқтисодии ин мамлакат гузаронида шуд.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки симпозиум дар шаҳри Маскав дар толори Академияи илмҳои Федератсияи Русия оғоз ёфт ва баъдан дар Хуҷанд давом дода шуд.                   Дар симпозиум роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва донишмадони Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон ва Ҷопон сухан карданд.     Аз ҷумла, директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти иҷтимоию сиёсии Академияи илмҳои Русия Геннадий Осипов, профессори Маркази тадқиқоти Шарқи Дури донишгоҳи Ҷопон Тояма Хорие Норио, номзади илми иқтисод, мудири кафедраи иқтисод ва менеҷменти донишгоҳи давлатии шаҳри Ӯши Қирғизистон Уран Эргашбоев ва доктори илми таърих, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқу тиҷорат ва сиёсати шаҳри Хуҷанд Осим Каримов дар мавзӯъҳои гуногуни марбут ба муҳоҷирати коргарон ва таъсири он ба иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия маърӯзаҳо карданд.               Дар ҷараёни симпозиум дар мавзӯи «Муҳоҷирати коргарон ва равобити иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Русия» конфронси интернетӣ ташкил карда шуд.

Сентябрь 28, 2009 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд