КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР ХУҶАНД
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Рӯзҳои 25 то 26 сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Ҳалли самарабахши проблемаҳои муҳоҷирати коргарон дар Осиёи Марказӣ ва Русия» симпозиуми байналхалқӣ баргузор гардид. Симпозиум бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати шаҳри Хуҷанд, Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти иҷтимоию сиёсии Академияи илмҳои Русия ва Маркази демографии иҷтимоӣ ва ҷомеашиносии иқтисодии ин мамлакат гузаронида шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки симпозиум дар шаҳри Маскав дар толори Академияи илмҳои Федератсияи Русия оғоз ёфт ва баъдан дар Хуҷанд давом дода шуд. Дар симпозиум роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва донишмадони Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон ва Ҷопон сухан карданд. Аз ҷумла, директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти иҷтимоию сиёсии Академияи илмҳои Русия Геннадий Осипов, профессори Маркази тадқиқоти Шарқи Дури донишгоҳи Ҷопон Тояма Хорие Норио, номзади илми иқтисод, мудири кафедраи иқтисод ва менеҷменти донишгоҳи давлатии шаҳри Ӯши Қирғизистон Уран Эргашбоев ва доктори илми таърих, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқу тиҷорат ва сиёсати шаҳри Хуҷанд Осим Каримов дар мавзӯъҳои гуногуни марбут ба муҳоҷирати коргарон ва таъсири он ба иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия маърӯзаҳо карданд. Дар ҷараёни симпозиум дар мавзӯи «Муҳоҷирати коргарон ва равобити иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Русия» конфронси интернетӣ ташкил карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






