КОНФРОНСИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 30 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба 20 — солагии қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон», инчунин оиди ҳаёт ва фаъолияти шоирони барҷастаи тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Ҷалолиддини Румӣ конфронси миллӣ баргузор мегардад. Дар конфронс ҷонишини сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова, вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ, намояндагони вазорат ва ташкилотҳои дахлдор, зиёиёни эҷодкор ва васоити ахбори омма иштирок мекунанд. Тавре ки аз маркази матбуоти вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, дар конфронс масоили вобаста ба забони давлатӣ, баргардони мафҳумҳои тиббӣ ба забони тоҷикӣ муҳокима мешаванд. Ба муносибати 20 — солагии қабули Қонун «Дар бораи забон» нашри луғати соҳавии тиббӣ ба забони тоҷикӣ ва паҳн кардани он ба муассисаҳои тандурустии мамлакат ба нақша гирифта шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






