КОНСЕРТИ КАЛОНИ ИДОНА
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 8 сентябр дар Кохи Борбад бахшида ба ҷашни 18 — солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади бошукӯҳ ва консерти калони идона баргузор гардид. Дар он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҳиндустон Пратибха Девисингх Патил ҳузур доштанд. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш ҳамаи ҷамъомадагон, сокинони мамлакат ва тоҷикзабонону форсизабонони ҷаҳонро ба муносибати ид самимона табрик намуд. Вай зикр кард, ки истиқлолияти давлатии мамлакат дастоварди бузургтарин ва бебаҳотарини тоҷикон мебошад. Президенти Ҳиндустон Пратибха Девисингх Патил низ ҳозиронро ба муносибати ҷашн табрик намуд. Вай ба халқи тоҷик барору комёбиҳои нав орзу намуда, изҳор кард, ки мардуми Ҳиндустон низ ба шодию фараҳмандии халқи тоҷик шарик мебошад. Дар консерти идона гурӯҳҳои эҷодии «Фалак», «Шашмақом», «Дарё», ҳунармандони Филармонияи давлатии ба номи А.Ҷӯраев, гурӯҳҳои раққосони «Гулрез», «Рухшона», «Лола» ва овозхонони маъруфи эстрада Дилором Қурбонова, Бахтиёр Иброҳимов, Шӯҳрат Сайнаков ва Жанна Шаинян иштирок намуданд. Барномаи консертӣ суруду оҳангҳои адибон ва оҳангсозони муосир ва классикиро дар бар мегирифт. Дар ҷараёни он талабагони мактаби мусиқии ба номи М.Атоев ва гурӯҳи эҷодии гимнастҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ барномаи махсус намоиш доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






