КОРХОНАҲОИ ОРДКАШӢ БУНЁД КАРДА МЕШАВАНД

Сентябрь 16, 2009 11:18

                 Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Вобаста ба чандин баробар афзудани истеҳсоли ғалла дар мамлакат корхонаҳои нави ордкашӣ сохта ва корхонаҳои кӯҳна барқарор карда мешаванд. Аз ҷумла, фасли тобистон корхонаҳои орди шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Истаравшан ва ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ тармим ва барқарор карда шудаанд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои Данғараю Ваҳдат ва Спитамен корхонаҳои нави ордкашӣ ба истифода дода шудаанд.                 Раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Ғалла» Тағоймурод Шарифов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки корхонаҳои ордкашии мамлакат ба мавсим пурра тайёр карда шудаанд. Аксарияти онҳо бо технологияи компютерӣ кор мекунанд. Корхонаҳои ордкашии мамлакат ҳар шабонарӯз аз 90 то 100 тонна орд истеҳсол хоҳанд кард. Ин имкон медиҳад, ки гандуми истеҳсоли ватанӣ дар корхонаҳои ордкашии дохили мамлакат истифода бурда, ворид сохтани ғалла ва орд аз хориҷи кишвар кам карда шавад.                Қайд кардан лозим аст, ки корхонаҳои нави ордкашӣ бо маблағи соҳибкорони ватанӣ бунёд карда шудаанд. Ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе низ корхонаи нави ордкашӣ ба истифода дода мешавад.                 Т.Шарифов зикр намуд, ки дар давоми 8 моҳи соли равон ба мамлакат 227 ҳазору 606 тонна гандум ворид карда шудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 88 ҳазору 397 тонна зиёд мебошад. Дар ин давра аз мамлакатҳои дигар ба Тоҷикистон 227 ҳазору 95 тонна орд ворид гардидааст, ки аз порсола 122 ҳазор тонна кам аст. 

Сентябрь 16, 2009 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид