КОРХОНАҲОИ РОССИЯ ИНТИЗОРИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК

Сентябрь 22, 2009 14:59

               Душанбе, 22 сентября. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Аз 23 то 26 сентябри соли ҷорӣ бо ибтикори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, ва ноҳияҳои Конибодому Ашт ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор мегардад.                  Аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ пешкаш ва таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойҳои кории холӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад.                 Тибқи нақша дар чорабиниҳои мазкур ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби корхонаҳои «Содействие» — и Краснодар, «Сибир», «Маркази муҳоҷират»-и вилояти Свердловски Федератсияи Россия, корхонаҳои саҳҳомии «СК Перестройка», «Стройтрест №13», «Гранд», «Сохтумони диёр», «Биржаи меҳнатии ҷавонон», «Нақлиёт» ва «Томсон» пешниҳод мегарданд.                  Мувофиқи маълумотномаи Шўъбаи муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои мазкур метавонанд 2 ҳазору 500 нафар шаҳрвандони моро дар шаҳру навоҳии ин кишвар бо ҷойи кор таъмин намоянд.                Ёдовар мешавем, ки ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ бо дастгирии молиявии Созмони байналмиллалии Меҳнат доир мегардад.

Сентябрь 22, 2009 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад