КОРХОНАИ МУРҒПАРВАРИИ ПАНҶАКЕНТ БАРҚАРОР МЕШАВАД

Сентябрь 22, 2009 14:24

                  Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Мутахассисони соҳаи мурғпарварӣ дар шаҳри Панҷакент ба барқарор намудани корхонаи мурғпарварӣ шурӯъ намуданд. Онро Вазорати кишоварзӣ ва корхонаи воҳиди давлатии «Саноати мурғпарварӣ» барқарор месозанд.                    Дар корхона баъди пурра барқарор гардиданаш 50 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад, аз ин ҷумла, 25 ҳазор сари онҳо мокиён мебошад. Ин имкон медиҳад, ки тамоми аҳолии шаҳру ноҳияи Панҷакент бо гӯшт ва тухми мурғ таъмин карда, маҳсулоти зиёдатӣ ба ноҳияҳои ҳамсоя ва пойтахт фиристода шавад.                  Мурғпарварони вилояти Суғд қарор додаанд, ки ба корхонаи мурғпарварии Панҷакент кӯмак расонда, ба он миқдори зарурии ҷӯҷа ва 1000 сар мокиён диҳанд.                 Тибқи қарори қабулшуда, корхонаи мурғпарварии Панҷакент то иди 20 — солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ пурра барқарор карда мешавад.

Сентябрь 22, 2009 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд