КОРХОНАИ НАВ БУНЁД МЕГАРДАД

Сентябрь 8, 2009 13:18

                Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз дар маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ оғоз меёбад, ки дар оянда танҳо бо истифодаи ангишт кор мекунад.  Бинои маркази барқу гармидиҳиро ширкати «Тебиён электрик аппаратус» — и Ҷумҳурии Мардумии Чин месозад. Иқтидори лоиҳавии Марказ 200 мегаватт мебошад.                 Навбати аввали корхона соли 2011 дар арафаи 20 — солагии истиқлолияти Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Сохтмони он соли 2013 пурра ба охир расонда хоҳад шуд. Баъди ба истифода дода шудани корхона дар ин ҷо ҳар шабонарӯз 4, 8 миллион киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол карда, хонаҳои бештар аз 200 ҳазор нафар бо гармӣ ва оби гарм таъмин карда мешавад.

Сентябрь 8, 2009 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд