КОРМАНДОНИ НУҚТАҲОИ ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒРО МЕОМӮЗОНАНД

Сентябрь 3, 2009 14:02

                 Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади иҷрои талаботҳои дастурамал «Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани ҳисобҳои асъорӣ» ва қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон «Оид ба талабот нисбати таҷҳизонидани нуқтаҳои хизматрасонии интиқоли пулӣ», идораҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон дар миқёси ҷумҳурӣ оид ба мувофиқ гардонидани нуқтаҳои хизматрасонии интиқоли пулӣ ба ин талаботҳо мониторинг гузарониданд. Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки дар фаъолияти нуқтаҳои интиқоли пулӣ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд.                 Бо назардошти гуфтаҳои боло, Маркази таълимии байнибонкӣ ва Идораи танзими асъори Бонки миллии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои ин соҳа барои операторони нуқтаҳои интиқоли пулӣ курсҳои кўтоҳмуддати махсус ташкил намуданд. Ин курсҳо дар толори таълимии Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Нахустин курси тайёрии ибтидоӣ рўзҳои 24-26 август барои кормандони ҶСК «Ориёнбонк» гузаронида шуд. 

Сентябрь 3, 2009 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад