КУШТОРИ САРДОРИ ШӮЪБАИ ҶУСТУҶӮИ ҶИНОИИ ИСФАРА

Сентябрь 19, 2009 11:43

                  Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Аз дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки шахсони номаълум дирӯз сардори шӯъбаи ҷустуҷӯи ҷиноии ноҳияи Исфара, подполковники 39 – сола Саидумар Саидовро ба қатл расониданд.                  Хабар дода мешавад, ки С. Саидов 18 сентябр тақрибан соати 14 – у 45 дақиқа барои иваз кардани либос ба хонааш меояд. Ӯ аз дарвоза баромада, мехост либосҳояшро ба бордони мошин гузорад. Ҳамин лаҳза шахсони номаълум ба сӯи подполковник аз аслиҳаи оташфишон ду маротиба тир холӣ карданд. Як тир ба сари мақтул ворид гардида, сабаби ҳалокати ӯ шуд. С.Саидов дар ҷои воқеа ҳалок шуд. Кормандони милиса аз маҳалли содир шудани ҷиноят ду тири туфангчаи Макаров ёфтанд.                  Айни ҳол дар вилояти Суғд барои дастгир намудани қотилони С.Саидов амалиёти махсус гузаронида мешавад. Инчунин дар вазорати корҳои дохилӣ гурӯҳи махсуси тафтишотӣ ташкил карда шуд. Ҷараёни тафтишро вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров шахсан назорат мекунад.

Сентябрь 19, 2009 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд