М. РАҲИМОВ: «ШАБИ «ЛАЙЛАТУЛҚАДР»-РО БО НИЯТҲОИ НЕК ИСТИҚБОЛ НАМОЕД!»

Сентябрь 16, 2009 16:17

                  Душанбе, 16 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шаби Қадр, ки мусулмонони тамоми ҷаҳон онро шаби 27 моҳи шарифи Рамазон истиқбол мегиранд, ба шаби панҷшанбеи 17-уми сентябр рост меояд.                  -«Бузургии шаби «Қадр» дар он аст, ки дар ин шаби муборак китоби осмонӣ — Қуръони Шариф ба замин нозил шуд ва Қуръони карим башоратест аз азамати ин шаб», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Маъруфуллоҳ Раҳимов.                    Дар ин шаб мусулмонон ҳақиқӣ нахобида, то субҳидам ба тоату ибодат ва қироати Қуръони азимушшаън машғул мешаванд. Аз даргоҳи Яздони пок омӯрзиши гуноҳҳояшонро хоҳиш менамоянд. Дилу нияти худро пок сохта, даст ба дуои нек мебардоранд. Зеро дар ин шаб фариштаҳо аз осмон ба замин фуруд меоянд ва ниятҳои мусулмононро мустаҷоб мегардонанд.                     Маъруфуллоҳ Раҳимов афзуд, ки шаби «Қадр» беҳтар аз ҳазор моҳ буда, дар ин шаби муборак иншоолоҳ ҳамаи орзую ниятҳои мусулмонон ҷомаи амал хоҳад пӯшид. 

Сентябрь 16, 2009 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд