М. РАҲИМОВ: «ШАБИ «ЛАЙЛАТУЛҚАДР»-РО БО НИЯТҲОИ НЕК ИСТИҚБОЛ НАМОЕД!»
Душанбе, 16 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шаби Қадр, ки мусулмонони тамоми ҷаҳон онро шаби 27 моҳи шарифи Рамазон истиқбол мегиранд, ба шаби панҷшанбеи 17-уми сентябр рост меояд. -«Бузургии шаби «Қадр» дар он аст, ки дар ин шаби муборак китоби осмонӣ — Қуръони Шариф ба замин нозил шуд ва Қуръони карим башоратест аз азамати ин шаб», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Маъруфуллоҳ Раҳимов. Дар ин шаб мусулмонон ҳақиқӣ нахобида, то субҳидам ба тоату ибодат ва қироати Қуръони азимушшаън машғул мешаванд. Аз даргоҳи Яздони пок омӯрзиши гуноҳҳояшонро хоҳиш менамоянд. Дилу нияти худро пок сохта, даст ба дуои нек мебардоранд. Зеро дар ин шаб фариштаҳо аз осмон ба замин фуруд меоянд ва ниятҳои мусулмононро мустаҷоб мегардонанд. Маъруфуллоҳ Раҳимов афзуд, ки шаби «Қадр» беҳтар аз ҳазор моҳ буда, дар ин шаби муборак иншоолоҳ ҳамаи орзую ниятҳои мусулмонон ҷомаи амал хоҳад пӯшид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






