МАҶЛИСИ ЧОРУМИ ГУРӮҲИ МУШТАРАКИ КОРИИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ

Сентябрь 15, 2009 16:55

                 Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Рӯзҳои 25 ва 26 октябр дар Душанбе маҷлиси чоруми гурӯҳи муштараки кории Тоҷикистону Русия дар масъалаи амалӣ сохтани созишномаи ҳукуматҳои ҳар ду кишвар дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия баргузор мегардад.                   Дар маҷлис намояндагони Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия, Раёсати муҳоҷирати ВКД Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду кишвар, созмонҳои байналхалқӣ ва ғайриҳукуматӣ иштирок менамоянд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлис масъалаҳои ташкили кор ва ҳамоҳанг сохтани тадбирҳои Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ва Раёсати муҳоҷирати ВКД Тоҷикистон дар масъалаи қабули коргарони муҳоҷир, бо кор таъмин кардани онҳо, фиристодани мардикорон ба воситаи марказҳои корёбӣ, проблемаи муоинаи тиббии коргарони муҳоҷир, тадбирҳои муштараки марбут ба қабул ва фиристодани коргарони муҳоҷир ва ғайра муҳокима карда мешаванд.                    Иштирокчиёни маҷлис инчунин ҷараёни иҷрои созишнома, муносибати Русия ва Тоҷикистон дар масъалаи коргарони муҳоҷир, таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва ғайраро баррасӣ хоҳанд кард.                     Хабар дода мешавад, ки маҷлисҳои пештараи гурӯҳи кории мазкур аз соли 2006 сар карда, бо навбат дар шаҳрҳои Маскав ва Душанбе гузаронида мешуд.

Сентябрь 15, 2009 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд