МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИДМ

Сентябрь 16, 2009 11:33

                  Маскав, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 17 – 18 сентябр дар маҷлиси коршиносони Кумитаи иҷроияи ИДМ лоиҳаи Созишномаи ташкили Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи идораи таҳқиқоти илмӣ муҳокима карда мешавад.                 Лоиҳаи созишноаи мазкурро ба маҷлиси кумитаи иҷроияи ИДМ ҷониби Қирғизистон пешбарӣ намудааст.                  Тибқи лоиҳа, самтҳои асосии фаъолияти Шӯро муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва роҳу усулҳои ҳамкорӣ дар соҳаи илм, таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи натиҷаҳои он дар истеҳсолот, мусоидат ба рушди фаъолияти илмӣ, ҳамоҳанг сохтани тадбирҳои мамлакатҳои иттиҳод дар соҳаи тадқиқоти илмӣ, муқаррар намудани заминаи меъёрию қонунии ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва ғайра мебошад. Шӯро ба муқаррар намудани равобити ҳамкорӣ дар байни муассисаҳои илмӣ ва амалӣ сохтани қарорҳо ва паймонҳои байнидавлатию байниҳукуматӣ дар соҳаи илм мусоидат менамояд.

Сентябрь 16, 2009 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд