МАҶЛИСИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗ

Сентябрь 10, 2009 10:21

                Маскав, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова ). – Имрӯз дар шаҳри Бишкек маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар масъалаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор кушода мешавад.                 Дар он натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсоз ҷамъбаст намуда, ташкили маркази умумии маълумот роҷеъ ба проблемаҳои хариду фурӯши маводи нашъадор ва тақвияти мубориза ба муқобили он мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.                Инчунин роҳу воситаҳои иштироки муассисаҳои молиявии давлатҳои аъзои Гурӯҳи Евразия дар мубориза ба муқобили қонунӣ гардионидани даромади бо роҳҳои ҷиноӣ бадастомада ва бо маблағ таъмин намудани фаъолияти созмонҳои террористӣ мувофиқа карда хоҳад шуд.                Иштирокчиёни маҷлис лоиҳаи меморандумро дар бораи ҳамкории Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мамлакатҳои аъзои созмон ва Кумитаи роҳбарони мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи Шӯрои роҳбарони муассисаҳои гумруки давлатҳои ИДМ баррасӣ мекунанд.

Сентябрь 10, 2009 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд