МАҶЛИСИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МОЛИЯВИИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ

Сентябрь 30, 2009 16:22

                  Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). — Имрӯз дар Душанбе маҷлиси нуҳӯми Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои ИДМ кушода шуд. Дар он намояндагон ва роҳбарони мақомоти назорати молиявии Арманистон, Русия, Украина, Қирғизистон, Белорусия, Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок менамояд.                   Маҷлисро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба муқобили ришвахӯрии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов кушод.                  Иштирокчиёни маҷлис нақши мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои ИДМ – ро дар бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва иқтисодӣ муҳокима мекунанд. Дар он намояндагони                     Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, парлумони мамлакат, Ҳукумат ва олимон сухан карданд. Ҳамаи онҳо аҳамият ва зарурати тақвияти нақши мақомоти олии назорати молиявиро дар таҳлилу баррасии вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва тадбирҳои марбут ба бартараф созхтани оқибатҳои бӯҳрон дар мамлакатҳои ИДМ таъкид намуданд.                  Хабар дода мешавад, ки раёсати Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои ИДМ дар давраи навбатӣ ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

Сентябрь 30, 2009 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд