МАБЛАҒИ ҲАВОЛАИ ПУЛ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз рӯи маълумоти Бонки марказии Русия, дар семоҳаи дуюми соли 2009 маблағи ҳаволаи пул ба хориҷа, аз ҷумла, мамлакатҳои ИДМ хеле афзуд. Дар ин муддат аз Русия ба воситаи бонкҳо ва почта 5,703 миллиард доллари ИМА фиристода шуд, ки нисбат ба семоҳаи аввали сол 801 миллион доллар зиёд мебошад. Дар давоми семоҳаи дуюми соли равон аз Русия ба Тоҷикистон 392 миллион доллари ИМА фиристода шудааст. Тоҷикистон дар масъалаи вуруди маблағ аз Русия баъди Чин ва Ӯзбекистон ҷои сеюмро ишғол менамояд. Дар давоми семоҳаи аввали сол аз Русия ба Чин 530 миллион доллари ИМА ва ба Ӯзбекистон 477 миллион доллари ИМА фиристода шудааст. Хабар дода мешавад, ки дар давоми семоҳаи дуюми сол аз Русия ба мамлакатҳои хориҷӣ 5,7 миллиард доллар фиристода шудааст. Ин нисбат ба семоҳаи якум 801 миллион доллар зиёд мебошад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






