МАКТАБИ НАВИ ПРЕЗИДЕНТӢ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

Сентябрь 2, 2009 10:53

               Чкаловск, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова ). – 1 сентябр дар Рӯзи дониш дар шаҳри Чкаловск ба муносибати оғози фаъолияти мактаби нави Президентӣ ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Ба ин муносибат талабагон ва волидайни онҳоро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва собиқадорони меҳнат табрик намуданд.              Сохтмони бинои мазкур ҳанӯз солҳои ҳокимияти Шӯравӣ оғоз ёфта, баъди барҳам хӯрдани он ба ҳоли худ гузошта шуда буд. Баъдан барои анҷом додани сохтмони он аз ҳисоби фонди эҳтиётии сардори давлат ва буҷети вилоят 17 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Сохтмони бино тобистони ҳамин сол анҷом ёфт.              Мактаби нави президентӣ 33 синфхона дорад ва дар он 1296 талаба таҳсил мекунад. Қабл аз оғози соли таҳсил дар асоси озмун барои мактаб 61 муаллим қабул карда шуд. Машғулиятҳо дар ин ҷо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гузаронида мешаванд. Мактаб дорои синфхонаҳои васеу барҳаво, кабинетҳои фанӣ, китобхонаи электронӣ, студияи телевизион, синфҳои махсус барои омӯхтани рақс ва рассомӣ, ҳавзи шиноварии болопӯшида, толорҳои варзишӣ ва ошхона мебошад.               Сардори раёсати маорифи вилоят Саидмухтор Ҷалолов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки имрӯз дар 894 мактаби таҳсилоти ҳамагонии вилоят 464 ҳазору 225 талаба таҳсил мекунад. Ба онҳо 33 ҳазору 796 омӯзгор талим медиҳад. Фасли тобистон дар вилоят чандин мактабҳои нав сохта, мактабҳои кӯҳна тармим карда ва синфхонаҳои нав кушода шуданд.                Қайд карда шуд, ки то ҳол дар баъзе ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла, Исфара, Панҷакент, Истаравшан ва ғайра бо сабаби нарасидани ҷой дар мактабҳо талабагон дар навбати сеюм дарс мехонанд. Дар баъзе ноҳияҳои дигар, аз чумла, Мастчоҳ, Исфара ва Бобоҷон Ғафуров талабагон машғулиятҳоро дар вагонҳо мегузаронанд.                 С.Ҷалолов зикр намуд, ки сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар ин ноҳияҳо давом дорад.                Се сол пеш дар вилоят қариб 2 ҳазор муаллим намерасид. Имрӯз дар мактабҳои вилоят ҳамагӣ 282 муаллим намерасад. Аз 1 сентябри соли равон маоши муаллимон 15 фоиз зиёд карда шуд. Ҳамаи ин дар бораи ғамхории давлату ҳукумат ба соҳаи маориф шаҳодат медиҳад, гуфт С.Ҷалолов. 

Сентябрь 2, 2009 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд