МАЪРАКАИ ДОРУГУЗАРОНӢ БАРОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СУРХЧА ВА ГУЛ

Сентябрь 23, 2009 16:26

                  Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 26 сентябр дар бинои Амфитеатр маросими расмии оғози маъракаи миллии доругузаронӣ барои пешгирии бемориҳои сурхча ва гул баргузор мегардад. Ин маърака дар Тоҷикистон аз 28 сентябр то 12 октябр давом хоҳад кард. Дар давоми маърака ба организми қариб 2,5 миллион нафар бачагони аз 1 то 14 сола дору гузаронида мешавад.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маросими оғози маърака муовини сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова, роҳбарон ва намояндагони расмии вазорату идораҳори дахлдор, сафоратхонаҳо, воситаҳои ахбори оммавӣ, Муассисаи наҷоти атфоли СММ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ширкат меварзанд.                    Ба организми бачагон дар дармонгоҳҳо, мактабҳо, интернатҳо ва муассисаҳои томактабӣ дору гузаронида мешавад. Бо ин мақсад қариб 4 ҳазор корманди соҳаи тиб сафарбар карда хоҳад шуд.                    Муассисаи наҷоти атфоли СММ маъракаи доругузарониро дастгирӣ намуда, духтуронро бо дору, асбобу анҷоми зарурӣ, сӯзандору, сумка ва яхдонҳо барои нигоҳ доштани дору таъмин менамояд. 

Сентябрь 23, 2009 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд