МАРГИ МУФОҶО

Сентябрь 8, 2009 12:41

                Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Ҳафтаи гузашта кормандони ШКД-и ноҳияи Ёвон дар рафти амалиёти таъҷилӣ дар қишлоқи Ғарави ҷамоати Даҳана сокини ноҳияи Шуғнони ВМКБ Маҳмадулло Дидорови 24-соларо дастгир карданд. Дар натиҷаи амалиёти тиббӣ аз меъдаи шахси дастгиршуда 65 ғилофаки героин бароварда шуд, ки вазни умумии он 375 грамро ташкил медод.                Ҳамон рӯз дар ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади марди 45-сола Файзулло Зоиров ёфт шуд, ки дар зери дарахт мехобид, дар паҳлӯи ӯ сӯзандорӯи бо маводи нашъадор олуда ёфт шуд. Аз рӯи ташхиси духтур Ф. Зоиров дар натиҷаи аз ҳад зиёд истеъмол кардани моддаи нашъадор вафот кардааст. Инчунин муайян карда шуд, ки Ф. Зоиров пеш аз ин мувофиқи моддаи 200 КҶ ҶТ «Дар бораи хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор» ҳабс шудааст. Аз рӯи ин воқеаҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши онҳо давом дорад. 

Сентябрь 8, 2009 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд