МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН БОЛО МЕРАВАД
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар 7684 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 8,8 фоиз зиёд аст. Шумораи ҷиноятҳои содиршуда дар вилояти Суғд 3,3 фоиз, Хатлон 11,1 фоиз, ВМКБ аз ҳама бештар 15,6, шаҳри Душанбе – 9,6 ва НТҶ 11,6 фоиз зиёд гардидааст. Дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ 1600 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 5,8 фоиз зиёд аст. Боиси тазаккур аст, ки шумораи баъзе ҷиноятҳо, аз қабили ҳуҷуми роҳзанона 37,5 фоиз, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба таҷовуз —32,6, куштори барқасдона ва сӯиқасд ба куштор – 11 фоиз, ғоратгарӣ 10,8 ва порахӯрӣ 8,3 фоиз кам шудааст, ки ҳамаи ин натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва беҳ гаштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






