МАРКАЗИ НАВИ ТИББӢ

Сентябрь 11, 2009 15:06

                Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими кушода шудани бемористони Абуалӣ ибни Сино дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.                Ин маркази хусусии тиббӣ, тавассути сармояи соҳибкорони Тоҷикистону Эрон бунёд ёфтааст.                  Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, ин беморхона аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Дили солим" бунёд ёфта, барои бунёди он 35 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Он дар бинои 9-ошёна ҷойгир буда, дар 7-қабати он 105 кат ҷойгир шуда, муосиртарин шароитҳои муолиҷаву ташхис дар он насб гардидааст.                Бемористон дорои шӯъбаҳои ҷарроҳии дил, гурда, озмоишгоҳи муҷҷаҳаз бо дастгоҳу васоили пешрафтаи ҷаҳонӣ, дармонгоҳ бо дастгоҳҳои навтарини ангиографӣ ва сангшикан мебошад.                Лозим ба таъкиди хос аст, ки бемористони Абӯали ибни Сино дар Осиёӣ Марказӣ монанд надошта, барои фаъолият дар он ҷарроҳони машҳур аз давлатҳои Эрон ва Олмон ҷалб гардиданд, ки онҳо ҳама гуна ҷарроҳии вобаста ба дилро метавонанд дар мамлакат анҷом диҳанд.                 Ин амр бешубҳа имкон медиҳад, ки шаҳрвандони гирифтори бемориҳои дил бо масрафоти миёншикан барои ташхису табобат ба хориҷи кишвар нарафта дар ватани худ ба таври матлуб ва замонавӣ дармон шаванд.                Ҳамзамон ин марказ ташхису табобати ниёзмандонро аз давлатҳои ҳамсоя дар назар дорад. Ба андешаи таҳлилгарон бо мавриди истифода қарор гирифтани бемористони Абӯалӣ ибни Сино заминаҳои рушди тибби хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад.                 Муассисони ин маркази тиббӣ мегӯянд, ки нархи дармон дар бемористон қобили рақобат буда, илова ба он барои шаҳрвандони Тоҷикистон то 30 дар сад арзиши табобат арзонтар ба нақша гирифта шудааст.                 Бояд гуфт, ки дар ин муассиса бештар аз 250 нафар мутахассисон фаъолият хоҳанд намуд, ки 70-фоизи онро мутахассисони маҳаллӣ ташкил хоҳад дод.                 Тавре дар баромади худ Президенти мамлакат қайд намуд, Маркази тиббии имрӯза, ки мо онро дар арафаи 18-солагии яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи миллатамон, яъне истиқлолияти давлатӣ ба истифода супоридем, дар соҳаи тандурустӣ яке аз аввалин муассисаҳои тиббӣ мебошад, ки бо маблағгузории сармоягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи хизмат гардид.                Дар давоми 18 соли истиқлолият бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ зиёда аз 750 муассисаи нави тандурустӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоту технологияи муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудааст.                Фароҳам овардани шароити мусоид, ворид намудани шаклҳои нави ташхис имконият дод, ки имрӯз табобати қисми зиёди беморону корафтодагон дар дохили кишвар анҷом дода шавад.                Дар марказ аз ҷониби мутахассисони варзидаи хориҷӣ, аз ҷумла табибони эронӣ ва олмонӣ ҳамаи намудҳои ҷарроҳии дил, гурда ва амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз усули ҷарроҳии эндоскопӣ анҷом дода мешавад.               Марказ бо навтарин дастгоҳҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли Олмон, Амрико ва Эрон муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва дар он табибони Тоҷикистон, Олмон ва Эрон ба муолиҷаи беморон машғул хоҳанд шуд.  

Сентябрь 11, 2009 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид
Дар Файзобод оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ вохӯрӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Дар вилояти Хатлон иқдоми ҳизбии «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» баргузор гардид