МАРКАЗИ САЛОМАТӢ
Бадахшон, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Дар ноҳияи Роштқалъа тариқи маблағгузории Бонки Рушди Осиё Маркази саломатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Хароҷоти он 414 ҳазор сомониро ташкил дод. Марказ дорои 12 утоқи ташхисӣ, аз ҷумла утоқи духтурони тибби оилавӣ, утоқи табобатии рӯзона буда, он бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Бо дастгирии маблағи ин бонк шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳияи Роштқалъа низ аз таъмир бароварда шуд. Тавре садри идораи тандурустии вилоят Пайкармо Алиёрова иттилоъ дод, соли ҷорӣ бо маблағи Дирексияи сохтмонии иншоотҳои ҳукуматӣ аллакай 8 табобатхонаи марказии шаҳру вилоят комилан таъмир карда шуданд. Бо маблағи Вазорати тандурустии кишвар бошад, Марказҳои саломатии Андароб, Техарв ва Навобод аз нав сохта шуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






