МАРКАЗИ САНҶИШИ ДОНИШИ ЗАБОНИ РУСӢ БА КОР ШУРӮЪ НАМУД
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова ). – Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия маркази минтақавии санҷиши дониши забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ ташкил карда шуд. Дар ин ҷо барои санҷиши дониши забони русӣ ариза қабул карда мешавад. Чунин марказ дар назди вазорати маорифи Федератсияи Русия дар шаҳри Маскав низ ташкил ёфтааст. Ду омӯзгори Донишгоҳи славянӣ барои санҷиши дониши муроҷиаткунандагон дар Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо» — и Федератсияи Русия курси махсусро хатм намуданд. Онҳо пеш аз санҷиши дониши забони русӣ бо муроҷиаткунандагон чанд машғулият гузаронида, онҳоро бо тартиби иҷрои супоришҳо ва пур кардани саволномаҳо ва варақаҳои тестӣ шинос мекунанд. Дар ин ҷо дониши муроҷиаткунандагон аз рӯи шаш зина санҷида мешавад. Дар зинаи аввал қоидаҳои соддатарини забони русӣ санҷида мешаванд. Онҳое, ки аз санҷиши зинаи аввал мегузаранд, дар Русия ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ кор карда метавонанд. Онҳое, ки аз санҷиши зинаи дуюм мегузаранд, барои шаҳрванди Русия гардидан имкон пайдо мекунанд. Дар мавриди гузаштани зинаҳои минбаъда дохил шудан ба мактабҳои олии Русия, таълими забони русӣ дар мактабҳои миёнаи ин мамлакат имконпазир мегардад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






