МАРКАЗИ ТАЪЛИМИ ИҶТИМОӢ ДАР ПОЙТАХТ
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо ташаббуси Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо дастгирии молиявии Каритас – Олмон дар пойтахти ҷумҳурӣ Маркази таълими иҷтимоӣ барои аҳолии табақаи озордида кушода шуд. Бино ба иттилои директори Марказ Ёрмаҳмад Холов, кушодашудани чунин Марказ имкон медиҳад, ки одамони бе ҷои зисти муайян ба истилоҳ (бомж) кӯҳансолон, кӯдакони хиёбонӣ, ки ба табақаи озорёфта шомил шудаанд, худро аз сармо наҷот диҳанд, тавонанд бо оби гарм шустушӯй кунанд, аз хизматрасониҳои сартарошону духтурон истифода баранд. Ҳамчунин имконияти гирифтани донишу малакаҳои навро пайдо кунанд. Дар Марказ ҷои либосшӯӣ, якчанд душхонаҳои мардонаю занона ва толори шиносоӣ барои пайдо кардани дӯстони ҳамфикру ақида дар корҳои рӯзгордорӣ мавҷуд аст. — Аз ҳама муҳимаш он аст, ки истиқоматгоҳ аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бе пардохти иҷора ба мӯҳлати 5 сол ба Маркази таълими иҷтимоӣ супорида шудааст,- мегӯяд директори он Ёрмаҳмад Холов.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






