МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БЕМОРХОНАИ КӮДАКОНА
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – 4 августи соли ҷорӣ маросими расмии ба истифодадиҳии беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемориҳои сил дар шаҳри Душанбе, баъди таъмири капиталӣ, баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи беморхона намояндагони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, лоиҳаи Хазинаи Глобалӣ дар Тоҷикистон, инчунин намояндагони раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ширкат намуданд. Тавре дар баромади худ мутахассиси амалигардонии лоиҳаҳои Хазинаи Глобалӣ дар Тоҷикистон Салебан Омар зикр намуд таъмири ин беморхона охири соли 2008 сар шуда, моҳи майи соли 2009 ба анҷом расид, ки барои таъмир ва таҷҳизонидани он беш аз 350 ҳазор сомонӣ масраф шуд. Инчунин, сардухтури беморхонаи кӯдаконаи бемориҳои сил дар шаҳри Душанбе Сафаралӣ Исмоилов қайд намуд, ки дар беморхонаи мазкур кӯдакони то синни 12 -сола табобат карда мешаванд, ки дар он беш аз 50 кат мавҷуд аст. Дар ин беморхона натанҳо беморони шаҳр, балки аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ табобат карда мешаванд.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






