МАСЪАЛАҲОИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТӢ СУДӢ

Сентябрь 12, 2009 12:05

                Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кормандони мақомоти судии кишварро баҳри озод ва таъин намудан ба вазифаҳои пурмасъулияти соҳа ба ҳузур пазируфт.                Аз ҷумла Умед Бобоев бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Субҳиддин Баҳридинов муовини дирекотори ҳамин марказ таъин гардиданд. Бояд таъкид намуд, ки ҳардуи онҳо олимони шинохтаи бахши ҳуқуқшиносии малакат мебошанд.                 Ҳамчунин бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 нафар ба вазифаҳои судя ва роҳбарони мақомоти судӣ таъин шуданд. Аз онҳо 15 нафар кадрҳои ҷавони соҳа мебошанд, ки баъди гузаштани муҳлати яксолаи таҷрибаомӯзӣ дар вазифаи коромӯз-судя бори нахуст ба вазифаи судя таъин карда мешаванд.                  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат онҳоро ба таъмини адолати судӣ ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ҳидоят намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки вазифаи судя натанҳо баровардани ҳукми суд, балки ҳамчунин иштирок дар тарғиби тарзи ҳаёти бенуқсон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.                 Ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастур дода шуд, ки баҳри ба роҳ мондани курсҳои бозомузӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар ва ҳамчунин оид ба омода кардани ҳуқуқшиносони сатҳи байналмиллалӣ тадбирҳои судбахш андешанд. Таъкид гардид, ки судяҳо донишу малакаи худро бояд ҳамчунин бо истифода аз имконоти Интернет ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ такмил диҳанд.                Дар сӯҳбат бо чанд нафар аз судяҳои ҷавони бори аввал ба ин вазифа таъиншуда маълум гашт, ки онҳо аз фаъолияти яксолаи коромӯзӣ дар вазифаи коромӯз-судя хеле баҳраманд гаштаанд ва дастуру ҳидоятҳои имрӯзаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар кору фаъолият ва такмили минбаъдаи ихтисосашон мавриди баҳрабрдорӣ қарор медиҳанд.                Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 12, 2009 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид