МАШҚИ ҲАРБӢ ДАР ҚАЗОҚИСТОН
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). – Дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар пойгоҳи низомии Матибулоқ аз 2 октябри соли равон сар карда, машқи ҳарбии ҳайатҳои қумондонӣ, ситодҳо ва аскарону афсарони Қувваҳои дастаҷамъии зудамали Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин машқҳои низомӣ қисмҳои ҳарбии зудамал ва намояндагони сохторҳои низомии Федератсияи Русия, Арманистон, Белорусия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки аз 22 то 25 сентябр даври аввали машқи низомии мазкур дар пойгоҳи низомии Лоҳури Тоҷикистон гузаронида шуда буд. Дар ин машқ ҳамроҳи аскарону афсарони Пойгоҳи 201 – уми низомии Русия дар Тоҷикистон, гурӯҳи зудамали ҳарбии Вазорати мудофиаи Қирғизистон ва қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон иштирок карда буданд. Дар ҷараёни машқ роҳу усулҳои гузаронидани амалиёти ҳарбӣ дар шароити кӯҳистон озмуда шуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






