МАШҚИ ҲАРБӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Маскав, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Аз 17 то 25 сентябр дар Тоҷикистон машқи низомии ҳайати қумондонӣ ва ситоди Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилии Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад. Мавзӯи он «Асосҳои ташкили амалиёти муштараки низомӣ» мебошад. Барномаи машқ гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, инчунин машқи кормандони ситодҳоро пешбинӣ мекунад. Дар фарҷоми машқ амалиёти муштараки тактикӣ бо истифодаи аслиҳаи оташфишон гузаронида хоҳад шуд. Дар машқ ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ширкат меварзанд. Қарори гузаронидани машқи мазкурро сарони давлатҳои иштирокдори Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ қабул карда буданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ба ҳайати Қувваҳои дастаҷамъии амнияти минтақавӣ ҷузъу томҳои низомии чор давлат – Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дохил мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






