МЕДАЛИ ЯГОНАИ ИДОНА

Сентябрь 19, 2009 10:41

                   Маскав, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 22 сентябр дар шаҳри Минск дар Кумитаи иҷроияи ИДМ маҷлиси навбатии Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Масъалаи асосии рӯзномаи он муҳокимаи ҷараёни иҷрои нақшаи тадбирҳои асосии тайёрӣ ва гузаронидани 65 — солагии ғалабаи халқҳои Шӯравӣ дар Ҷанги Бузургии Ватании солҳои 1941 – 1945 мебошад. Тавре хабар дода шуда буд, Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ 22 майи соли 2009 дар бораи тайёр намудани медали ягонаи идонаи «65 – солагии ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941 – 45» қарор қабул карда буд.                    Медали мазкур ба иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони дигари бо онҳо ҳуқуқи баробардошта, супорида мешавад.                     Аз рӯи маълумоти Иттиҳоди байналхалқии созмонҳои ветеранҳои ИДМ, айни ҳол дар мамлакатҳои ИДМ қариб 1,5 миллион иштирокчӣ ва маъюби ҶБВ, бештар аз 6 миллион коргари ақибгоҳ, зиёда аз як миллион ветерани амалиёти ҳарбӣ, қариб 1,9 миллион ветерани хизмати ҳарбӣ ва зиёда аз 26 миллион собиқадори меҳнат зиндагӣ мекунад.                   Аъзои Шӯро лоиҳаи рӯзномаи маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ – ро муҳокима хоҳанд кард, ки 20 ноябр дар Ялта баргузор мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи намояндагони ваколатдори давлатҳои ИДМ котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок дошт.

Сентябрь 19, 2009 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд