МЕДАЛИ ЯГОНАИ ИДОНА
Маскав, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 22 сентябр дар шаҳри Минск дар Кумитаи иҷроияи ИДМ маҷлиси навбатии Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Масъалаи асосии рӯзномаи он муҳокимаи ҷараёни иҷрои нақшаи тадбирҳои асосии тайёрӣ ва гузаронидани 65 — солагии ғалабаи халқҳои Шӯравӣ дар Ҷанги Бузургии Ватании солҳои 1941 – 1945 мебошад. Тавре хабар дода шуда буд, Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ 22 майи соли 2009 дар бораи тайёр намудани медали ягонаи идонаи «65 – солагии ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941 – 45» қарор қабул карда буд. Медали мазкур ба иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони дигари бо онҳо ҳуқуқи баробардошта, супорида мешавад. Аз рӯи маълумоти Иттиҳоди байналхалқии созмонҳои ветеранҳои ИДМ, айни ҳол дар мамлакатҳои ИДМ қариб 1,5 миллион иштирокчӣ ва маъюби ҶБВ, бештар аз 6 миллион коргари ақибгоҳ, зиёда аз як миллион ветерани амалиёти ҳарбӣ, қариб 1,9 миллион ветерани хизмати ҳарбӣ ва зиёда аз 26 миллион собиқадори меҳнат зиндагӣ мекунад. Аъзои Шӯро лоиҳаи рӯзномаи маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ – ро муҳокима хоҳанд кард, ки 20 ноябр дар Ялта баргузор мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи намояндагони ваколатдори давлатҳои ИДМ котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок дошт.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






