МУҲОҶИРАТИ КОРГАРОН ДАР ШАРОИТИ БӮҲРОНИ ИҚТИСОДӢ
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Бо ташаббуси «Иттифоқи тоҷикистониёни Русия» ва Муассисаи давлатии «Қасри миллатҳои Маскав» 28 сентябр дар пойтахти Русия дар мавзӯи «Бӯҳрони иқтисодӣ ва проблемаҳои муҳоҷирати коргарон» машварат баргузор мегардад. Дар он намояндагони Ҳукумати Маскав, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия, аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, намояндагони Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия, Раёсати муҳоҷирати ВКД Тоҷикистон, Созмони байналхалқии меҳнат, ходимони ҷамъиятӣ, кормандони иттифоқҳои касаба, олимон, роҳбарони корхонаҳо ва рӯзноманигорон ширкат меварзанд. Дар машварат нақши давлат ва ҷомеа дар танзими ҷараёни муҳоҷирати коргарон дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ, ташкили дуруст ва идорашавандаи муҳоҷирати коргарон, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таъсири бӯҳрони молиявӣ ба муҳоҷирати коргарон дар ИДМ, истифодаи технологияи нав дар соҳаи танзими муҳоҷирати коргарон ва ғайра баррсӣ карда мешаванд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






