МУҲОҶИРАТИ КОРГАРОН ДАР ШАРОИТИ БӮҲРОНИ ИҚТИСОДӢ

Сентябрь 26, 2009 11:44

                 Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Бо ташаббуси «Иттифоқи тоҷикистониёни Русия» ва Муассисаи давлатии «Қасри миллатҳои Маскав» 28 сентябр дар пойтахти Русия дар мавзӯи «Бӯҳрони иқтисодӣ ва проблемаҳои муҳоҷирати коргарон» машварат баргузор мегардад. Дар он намояндагони Ҳукумати Маскав, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия, аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, намояндагони Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия, Раёсати муҳоҷирати ВКД Тоҷикистон, Созмони байналхалқии меҳнат, ходимони ҷамъиятӣ, кормандони иттифоқҳои касаба, олимон, роҳбарони корхонаҳо ва рӯзноманигорон ширкат меварзанд.                Дар машварат нақши давлат ва ҷомеа дар танзими ҷараёни муҳоҷирати коргарон дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ, ташкили дуруст ва идорашавандаи муҳоҷирати коргарон, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таъсири бӯҳрони молиявӣ ба муҳоҷирати коргарон дар ИДМ, истифодаи технологияи нав дар соҳаи танзими муҳоҷирати коргарон ва ғайра баррсӣ карда мешаванд.

Сентябрь 26, 2009 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид