МУАССИСАҲОИ ТИББӢ БА ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА ОМОДА КАРДА МЕШАВАНД

Сентябрь 18, 2009 11:21

                  Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова, Кристина Эрлих). – Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 10 октябр дар пойтахти ҷумҳурии Қирғизистон — шаҳри Бишкек дар мавзӯи омода сохтани муассисаҳои тиббии минтақаи Осиёи Марказӣ дар мавриди паҳн гардидани бемориҳои хавфноки сирояткунанда семинар баргузор месозад. Дар он намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва духтурону мутахассисони муассисаҳои тиббии ҳамаи мамлакатҳои минтақа иштирок хоҳанд кард.                  Ҳадафи семинар таъмини тайёрии муассисаҳои тиббӣ ба вазъияти фавқулодда ва бо асбобу анҷоми зарурӣ таъмин намудани онҳо дар мавриди паҳн гардидани бемориҳои хавфнок, аз ҷумла, бемории А/H1N1 мебошад.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз Тоҷикистон дар семинари мазкур се нафар намояндаи вазорати тандурустӣ иштирок менамояд. Онҳо ба иштирокчиёни семинар дар бораи тадбирҳои иловагии пешгирии бемориҳои хавфнок дар Тоҷикистон маълумот хоҳанд дод.                  Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то 11 август дар мамлакатҳои ҷаҳон 212 ҳазор нафар ба бемории А/H1N1 гирифтор шудааст, ки то имрӯз 1717 нафари онҳо вафот кардаанд.

Сентябрь 18, 2009 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд