МУАССИСАҲОИ ТИББӢ БА ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА ОМОДА КАРДА МЕШАВАНД
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова, Кристина Эрлих). – Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 10 октябр дар пойтахти ҷумҳурии Қирғизистон — шаҳри Бишкек дар мавзӯи омода сохтани муассисаҳои тиббии минтақаи Осиёи Марказӣ дар мавриди паҳн гардидани бемориҳои хавфноки сирояткунанда семинар баргузор месозад. Дар он намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва духтурону мутахассисони муассисаҳои тиббии ҳамаи мамлакатҳои минтақа иштирок хоҳанд кард. Ҳадафи семинар таъмини тайёрии муассисаҳои тиббӣ ба вазъияти фавқулодда ва бо асбобу анҷоми зарурӣ таъмин намудани онҳо дар мавриди паҳн гардидани бемориҳои хавфнок, аз ҷумла, бемории А/H1N1 мебошад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз Тоҷикистон дар семинари мазкур се нафар намояндаи вазорати тандурустӣ иштирок менамояд. Онҳо ба иштирокчиёни семинар дар бораи тадбирҳои иловагии пешгирии бемориҳои хавфнок дар Тоҷикистон маълумот хоҳанд дод. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то 11 август дар мамлакатҳои ҷаҳон 212 ҳазор нафар ба бемории А/H1N1 гирифтор шудааст, ки то имрӯз 1717 нафари онҳо вафот кардаанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






