МУАССИСАИ ТАБОБАТӢ ПУРРА ТАРМИМ КАРДА ШУД

Сентябрь 2, 2009 15:53

                Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Шифохонаи бачагонаи бемориҳои сили шаҳри Душанбе бо маблағи Фонди умумибашарии СММ дар доираи барномаи табобати бемориҳои СПИД, сил ва табларзаи ин созмони байналхалқӣ пурра тармим карда шуд. Маросими қабули он 4 сентябр баргузор мегардад. Дар маросими қабули шифохона роҳбарону намояндагони вазорати тандурустӣ, мудири иҷроияи Барномаи рушди СММ Ростислав Врбинский, менеҷери Фонди умумибашарии СММ Солибон Умар, раёсати тандурустии пойтахт ва журналистон иштирок менамоянд. Тармими шифохона моҳи августи соли 2008 шурӯъ гардида, дар давоми камтар аз як сол ба охир расид. Дар он бачагони бемори шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ табобат карда мешаванд.                Муассисаи рушди СММ шифохонаро бо тамоми асбобу анҷоми зарурии табобати беморӣ таъмин намуд.

Сентябрь 2, 2009 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд