МУАССИСАИ ТАБОБАТӢ ПУРРА ТАРМИМ КАРДА ШУД
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Шифохонаи бачагонаи бемориҳои сили шаҳри Душанбе бо маблағи Фонди умумибашарии СММ дар доираи барномаи табобати бемориҳои СПИД, сил ва табларзаи ин созмони байналхалқӣ пурра тармим карда шуд. Маросими қабули он 4 сентябр баргузор мегардад. Дар маросими қабули шифохона роҳбарону намояндагони вазорати тандурустӣ, мудири иҷроияи Барномаи рушди СММ Ростислав Врбинский, менеҷери Фонди умумибашарии СММ Солибон Умар, раёсати тандурустии пойтахт ва журналистон иштирок менамоянд. Тармими шифохона моҳи августи соли 2008 шурӯъ гардида, дар давоми камтар аз як сол ба охир расид. Дар он бачагони бемори шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ табобат карда мешаванд. Муассисаи рушди СММ шифохонаро бо тамоми асбобу анҷоми зарурии табобати беморӣ таъмин намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






