МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ БА ПЕШҚАДАМОНИ СОҲАҲОИ ГУНОГУНИ ПОЙТАХТ
Душанбе, 7 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар арафаи ҷашни 18-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 31 августи соли 2009-ум 6 нафар кормандони соҳаҳои гуногуни пойтахт ҳамчун рамзи қадршиносӣ ва барои меҳнати софдилона дар пешрафту ободонии пойтахт бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд. Мудири шӯъбаи бемориҳои қалби Маркази тиббии шаҳри Душанбе Татяна Собирова бо Ордени Дӯстӣ, нафақахӯр собиқ раиси маҳаллаи «Саноат»-и ноҳияи Шоҳмансур Нуриддин Ҳасанов, ронандаи муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» Анвар Абдуллоев ва муовини аввали директори кулл ва ҳунарманди театри намунавии минётураи «Ойина»-и Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт -80» Ҳамид Раҳимов бо Медалҳои «Хизмати шоиста», директори шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат Ниёлбӣ Ҳасанова ва сардухтури беморхонаи клиникии шаҳрии №3 Ҷамолиддин Абдуллоев бо медалҳои «Шафқат» қадрдонӣ шуданд. Дар ҷамъомаде, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки кормандони сохторҳои хизматрасонӣ, назоратӣ, фарҳанг ва дигар ниҳодҳои марбута доир гардид, Раиси шаҳр дар вазъияти тантанавӣ ба Нуриддин Ҳасанов, Анвар Абдуллоев ва Ниёлбӣ Ҳасанова мукофотҳои давлатиашонро супорид. Дар ин хусус котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Ниёзбек Қаландаров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






