МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО МЕҲМОНОН АЗ ИДM
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки ба шаҳри Душанбе баҳри иштирок дар ҳамоиши навбатии худ ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар сӯҳбат масоили ҳамкории мақомоти назорати молиявии кишварҳои Иттиҳод баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва муборизаи муштарак бо ҷиноятҳои иқтисодӣ баррасӣ шуд.Таъкид гардид, ки ҳамкории ниҳодҳои назорати молиявӣ барои таҳкиму густариши робитаҳои судманд басо муҳим аст. Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ҳамоиши мазкур роҳбарони мақомоти назорати молиявӣ аз Федератсияи Русия, Беларус, Украина, Молдова, Озарбойҷон ва Қазоқистону Қирғизистон ташриф овардаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






