МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО МЕҲМОНОН АЗ ИДM

Сентябрь 30, 2009 12:47

                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки ба шаҳри Душанбе баҳри иштирок дар ҳамоиши навбатии худ ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.                Дар сӯҳбат масоили ҳамкории мақомоти назорати молиявии кишварҳои Иттиҳод баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва муборизаи муштарак бо ҷиноятҳои иқтисодӣ баррасӣ шуд.Таъкид гардид, ки ҳамкории ниҳодҳои назорати молиявӣ барои таҳкиму густариши робитаҳои судманд басо муҳим аст.               Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ҳамоиши мазкур роҳбарони мақомоти назорати молиявӣ аз Федератсияи Русия, Беларус, Украина, Молдова, Озарбойҷон ва Қазоқистону Қирғизистон ташриф овардаанд.                Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 30, 2009 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар