МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АЛОНСО ФУЛГАМ
Рӯзи 23 – юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк Маъмури Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Алонсо Фулгамро ба ҳузур пазируфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин муассисаи бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки аз соли 1992 ин ҷониб бо кишвари мо ҳамкории судманд дорад, барои мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва кӯмакҳои зиёди башардӯстонааш арзи сипос намуда, ҳамзамон рушди ҳамкориро дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон ва бартарфсозии мушкилоти сунъии минтақаи Осиёи Марказӣ амри зарурӣ номид. Алонсо Фулгам ба ислоҳоте, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон баҳри беҳтарнамоии фазои сармоягузорию соҳибкорӣ дар мамлакат амалӣ мегардад, баҳои баланд дода, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро баҳри ба 10 – гонаи беҳтарин кишварҳои ислоҳотталаб ворид шудани Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Ӯ ҳамчунин ба тадбирҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ баҳои баланд дод. Алонсо Фулгам изҳор дошт, ки Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ омода аст, ба татбиқи амалии лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон мусоидати фаъол намояд, аз ҷумла баҳри мавриди истифода қарор додани иқтидори гидроэнергетикии он ва баҳри бунёди бозори нерӯи барқ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ. Алонсо Фулгам ҳамчунин изҳор дошт, ки Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ ҳамкориро бо Тоҷикистон баҳри маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, обтаъминкунӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, идомаи демократикунонии ҷомеа ва ғайра давом хоҳад дод








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






