МУЛОҚОТИ МАСЪУЛИНИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО БО ДОНИШҶӮЁН
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқоти устодону донишҷӯён бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур оид ба баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии ҷавонон, амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» табодули афкор сурат гирифт. Нотиқон аз хусуси зиёд шудани ҷинояту ҷинояткорӣ сухан ронда, ҳозиринро ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон даъват намуданд. Қайд карда шуд, ки риояи қонунҳои ҷорӣ ва татбиқи онҳо барои пешгирӣ намудани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла хариду фурӯши одамон, ришвадиҳию ришваситонӣ ва нашъамандӣ, мусоидат менамояд.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






