МУЛОҚОТИ МАСЪУЛИНИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО БО ДОНИШҶӮЁН

Сентябрь 17, 2009 08:58

                 Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқоти устодону донишҷӯён бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.                  Дар чорабинии мазкур оид ба баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии ҷавонон, амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» табодули афкор сурат гирифт.                  Нотиқон аз хусуси зиёд шудани ҷинояту ҷинояткорӣ сухан ронда, ҳозиринро ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон даъват намуданд. Қайд карда шуд, ки риояи қонунҳои ҷорӣ ва татбиқи онҳо барои пешгирӣ намудани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла хариду фурӯши одамон, ришвадиҳию ришваситонӣ ва нашъамандӣ, мусоидат менамояд. 

Сентябрь 17, 2009 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид